Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солана хостори музокироти Тифлис ва Сухумӣ шуд


Имрӯз Ҳовиер Солана, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ва раисиҷумҳури Абхазистон Сергей Багашп дар Сухумӣ мавзӯъи ҳалли низоъ миёни Гурҷистон ва Абхазистонро баррасӣ карданд. Ба гуфтаи Солана, Иттиҳодияи Аврупо мехоҳад ба эҳёи музокирот миёни Сухумӣ ва Тифлис мусоидат кунад. Ва аммо ӯ афзуд, ки ин музокирот бидуни ширкати Русия ғайримумкин аст.

Сергей Багашп дар навбати худ изҳор намуд, ки Абхазистон ба музокирот бо Гурҷистон фақат баъд аз хуруҷи неруҳои гурҷӣ аз қисмати болоии дараи Кодор розӣ хоҳад шуд. Музокироти миёни Тифлис ва Сухумӣ соли 2006 ум мутаваққиф шуда буданд.

XS
SM
MD
LG