Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия қимати газ барои Укроинро боло мебарад


Маскав Киевро огаҳ кард, ки шурӯъ аз 1 январи соли 2009-ум қимати гази Русия барои Укроин қариб ду баробар афзоиш хоҳад ёфт. Дар ин бора баъд аз анҷоми музокироти президенти Русия Дмитрий Медведев бо ҳамтои укроинаш Виктор Юшенко дар Санкт-Петербург вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, ҷонибҳо қазияи Флоти баҳри сиёҳии Русияро низ баррасӣ карданд. Дмитрий Медведев изҳор намуд, ки то замони ҳукми қонун доштани Муоҳидаи дӯстиву ҳамкории миёни Русия ва Укроин имкони тамдиди ҳузури ин Флот дар Севастопол мавҷуд аст. Виктор Юшенко дар музокирот бо Дмитрий Медведев изҳори итминон кард, ки ин мушкилоти миёни Маскав ва Киев ҳаллу фасл хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG