Пайвандҳои дастрасӣ

Сатҳи фасод дар Русия боло меравад


Даромади ғайриқонунии мансабдорони олуда ба фасоди Русия тақрибан аз се як ҳиссаи буҷаи кишварро ташкил медиҳад. Дар ин бора яке аз раҳбарони Кумитаи тафтишотии Русия Василий Пискарёв хабар дод ва гуфт, ки ҳамасола тоҷирон барои ришват ба мансабдорони давлатӣ 33 миллиард доллар сарф мекунанд. Ҳаҷми ришват барои ҳалли мушкилоти ночизи рӯзгор дар Русия тақрибан 3 миллиард доллар ҳисоб шудааст.

Ба иттилоъи Кумитаи тафтишотии Русия, сатҳи фасод дар кишвар назар ба соли гузашта 10 дар сад боло рафтааст.

XS
SM
MD
LG