Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гумонбарон барои худ ҳукми қатл талаб доранд


Дар мурофиаи додгоҳии муҷримони ҳамлаи террористии рӯзи 11 сентбяри соли 2001-ум дар Иёлоти Муттаҳида дасти кам ду тан аз гумонбарон изҳор карданд, ки мехоҳанд ба қатл маҳкум шаванд. Ба гуфтаи раҳбари эҳтимолии террористон Холид Шайх Муҳаммад ва гумонбари дигар Рамзӣ Биналшиб, онҳо шаҳид шуданиянд.

Дар ин мурофиа панҷ нафар дар куштор ва терроризм айбдор мешаванд. Агар иттиҳоми додситонӣ тайид шавад, ҳамаи онҳо ба қатл маҳкум хоҳанд шуд. Гумонбарон аз кумаки вакилони мудофеъ сарпечӣ карданд ва гуфтанд, ки фақат қавонини шариатро эътироф мекунанд.
XS
SM
MD
LG