Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ва Клинтон махфӣ музокирот карданд


Барак Обама, номзади эҳтимолӣ ба мақоми раиси ҷумҳури ИМА аз Ҳизби демократ бо рақиби ҳизбии худ Ҳилларӣ Клинтон мавзӯъи муттаҳид сохтани демократҳо қабл аз интихоботи президентии моҳи ноябрро баррасӣ кард. Мулоқоти онҳо пушти дарҳои баста дар Вошингтон, баъди аз сӯи Обама эълон кардани пирӯзии худ дар сабқати дохилиҳизбӣ доир гардид. Ҷузъиёти ин гуфтугӯ алҳол зери даст нест.

Сиёсатмадорону коршиносон аз Обама даъват мекунанд, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳури ИМА ҳамроҳ бо Ҳиллари Клинтон ширкат намояд. Ва аммо хонум Клинтон мегӯяд, ки тасмим дар бораи номзад ба мақоми ноиби раисиҷумҳурро фақат худи Обама метавонад бигирад.
XS
SM
MD
LG