Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Покистон аз ҳамлаи террористӣ ҷилавгирӣ шуд


Пулиси Покистон дар бораи ҷилавгирӣ аз як ҳамлаи эҳтимолии террористӣ хабар дод. Гуфта мешавад, ки шаби гузашта дар шаҳри Равалпиндӣ аз ду мошин тақрибан як тонна маводи мунфаҷира ошкору мусодира шудааст. Пулис бо гумони таҳияи ҳамлаи террористӣ се нафарро боздошт кард. Ситоди артиши Покистон ва қароргоҳи раисиҷумҳур Парвиз Мушарраф дар шаҳри Равалпиндӣ ҷойгиранд.

XS
SM
MD
LG