Пайвандҳои дастрасӣ

Манъи пӯшиши исломӣ дар донишгоҳҳои Туркия


Акнун бо либоси исломӣ ба донишгоҳҳои Туркия дигар даромадан мумкин намешавад?

Акнун бо либоси исломӣ ба донишгоҳҳои Туркия дигар даромадан мумкин намешавад?

Додгоҳи қонуни асосии Туркия тағйироту иловаҳои порлумон оид ба иҷозаи пӯшиши либоси исломӣ дар донишгоҳҳоро бекор кард

Баъди баррасиву муҳокимаҳои зиёд, ниҳоят додгоҳи қонуни асосии кишвар тағйироту иловаҳоеро, ки порлумони ин кишвар роҷеъ ба иҷозаи пӯшиши либоси исломӣ дар донишгоҳҳо қабул карда буд, бекор кард.
Ин қазия аз оғоз, яъне чаҳор моҳи пеш, боъиси баҳсу баррасиҳои зиёд дар ҷомиъаи мусалмонӣ ва аммо дунявигарои Туркия шуда буд. Порлумон қонуни манъи пӯшиши либоси мазҳабиро ба духтарҳо дар мактабҳои олӣ бекор кард ва аммо чунин тасмим, боъиси интиқод ва мухолифатҳои шадиди бахши дунявии ин кишвар шуд. Ва ҳамакнун, ҳукми Додгоҳи қонуни асосӣ роҷеъ ба бекор дониста шудани ин тағйироту иловаҳо бори дигар ба ташдидёбии равобити миёни ҳукумати исломии Эрдуғон ва бахши дунявии ҷомиъа боъис мешавад.
Шоми 5-уми июн Додгоҳ ҳукм кард, ки тағйироту иловаҳои кардашуда бо муқаррароти дунявӣ ё қонунҳои дунявии ин кишвар муғойират дорад. Дар оғози моҳи феврали имсол порлумони ғолибан таҳти назари ҳизби «Адолат ва Тавсиъа»-и нахуствазир Раҷаб Таййиб Эрдуғон пешниҳодоти тағйироту иловаҳоро пазируфт. Тибқи он, ба занону духтарони муҳассили донишгоҳҳо иҷозат дода шуд, ки дар синфхонаҳо бо ҳиҷобу рӯсарӣ иштирок кунанд. Аммо ин тасмим мактабҳои миёнаву корхонаҳо ва дафтарҳои кориро дар назар намегирифт.
Дар посух ба чунин қарори порлумон мухолифини секуллор, ки таҳсилкардаву равшанфикр буда, дар миёнашон ҳуқуқшиносон ва низомиён зиёданд, ба Додгоҳи қонуни асосӣ роҷеъ ба муғойирати ин тасмим бо конститутсия шикоят бурданд.
Аксарият баробари дарёфти қарори Додгоҳ гуфтанд, ин барои ҳизби ҳоким хабари бад аст. Масъала ин аст, ки дар дасти додситонии ин кишвар як парвандаи дигаре қарор дорад, ки амалкарди ғайридунявӣ ё ғайрисекуллори ҳизби Раҷаб Таййиб Эрдуғонро баррасӣ мекунад. Гуфта мешавад, имкон дорад дар натиҷа ин ҳизб баста шуда, раҳбарони асосии он, аз ҷумла нахуствазир Эрдуғон ва раиси ҷумҳурии Туркия Абдуллоҳ Гул аз ҳаққи узвият дар кадом як ҳизби сиёсӣ ба муҳлати 5 сол маҳрум шаванд.
Ҳарчанд то субҳи 6-уми июн ҳизби нахуствазир дар ин замина ҳеҷ изҳороти расмие пахш накард, аммо хабарнигори «Франс Пресс» аз қавли мақомоти ин ҳизб навишт, ки Эрдуғон бо як сафар дар Истамбул буд ва баробари дарёфти хабари ҳукми Додгоҳ дубора ба Анкара баргашт, то ки нишасти изтирории ҳизби «Адолат ва Тавсиъа»-ро баргузор кунад. Инчунин вай аз ширкат дар бозиҳои футболи ҷоми Аврупо, ки 7-уми июн миёни дастаҳои Туркияву Португалия дар Швейтсария баргузор мешавад, даст кашидааст.
Ҳоло мухолифин шаҳди пирӯзӣ мечашанд ва худро дар ин қазия дастболо мешуморанд.
Баҳсҳои либоси мазҳабӣ дар Туркияи дур беихтиёр қазияи Додгоҳии як донишҷӯдухтари тоҷик Давлатмоҳ Исмоиловаро ба ёд меорад, ки соли гузашта алайҳи муқаррароти вазорати маорифи кишвар ба додгоҳ шикоят буд. Тибқи ин қарор, ӯ ва дигар духтарони ҳиҷобпӯш иҷозаи ширкат дар дарсҳои донишгоҳро бо ин либоси мазҳабӣ надоранд.
Ҳарчанд дар ин кишварҳо бахши асосии ҷомиъаро мусалмонҳо ташкил медиҳанд, аммо муносибати мақомоти ин давлатҳо ба мазҳаб комилан мутафовит аст. Аммо чизи умумие, ки дар ҳолати духтари тоҷик ва исломиҳои Туркия дидан мумкин аст, ин аст, ки дар ҳар ду маврид сухан дар бораи ҳуқуқи инсон ва ҳаққи озоди интихоби тарзи пӯшиши либос меравад.
XS
SM
MD
LG