Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё ИМА ба Ироқ ваъдаи кумак хоҳад кард?


Ироқ дар азнавсозии худ қабл аз ҳама ба кумаки ИМА ниёз дорад
Ироқ дар азнавсозии худ қабл аз ҳама ба кумаки ИМА ниёз дорад

Дар ин робита Кохи сафед даъво дорад, ки созишномаҳо миёни ҳукуматҳо баста мешавад ва ба тасвиби порлумони Ироқ ё Конгреси Амрико ниёз намемонад

Дар мавриди зарурати созишнома миёни ҳукумати Ироқ ва ИМА мутахассис дар умури Ховари Миёна ва собиқ мушовири Шӯрои амнияти миллии Амрико Стивен Симон ба радиои “Озодӣ” назари худро чунин матраҳ намуд: “Тарафайн рӯи ду созишнома кор мекунанд. Як созишнома дар бораи мақоми нерӯҳои низомӣ мебошад – ин ҳуҷҷат барои он зарур аст, ки, агар нерӯҳои низомии шумо дар кишвари бегона мустақар бошанд, пас ҳузури онҳо бояд бо ягон санаде муайян гардад. Ва агар имкон дорад, ки артиши шумо ягон мушкилиеро ба амал овардад, пас бояд бо кишвари қабулкунанда аҳдномаи муқаддамотӣ дошта бошед, ки мушкилиҳоро чи тавр бояд ҳал шаванд”.
С. Симон иттилоъ дод, ки созишномаи дувум дурнамои муносиботи миёни Ироқ ва Амрико дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисод ва амниятро, муайян хоҳад кард.
Мутахассис афзуд, ки ба хусус дар бахши амниятӣ ҷонибҳо то ба ҳол ба тавофуқи назар даст наёфтаанд ва баҳсҳои шадид ҳамоно идома доранд.
Ҳафтаи гузашта ҳазорон тарафдорони рӯҳонии шиъимазҳаб Муқтадо ас-Садр бо шиъорҳои “Нест бод таҷовуз алайҳи басташавии эҳтимолии созишномаи Ироқу Амрико!” эътироз кардаанд. Сунниҳои Ироқ низ мухолифи созишномаанд ва мегӯянд, ки ин санад истиқлолияти миллии кишварро зери хатар гузошта мухолифи манфиъатҳои Ироқ аст.
Дар ҳамин ҳол, нахуствазири Ироқ Нури ал-Моликӣ даъват кард, ки ба тарҳи созишнома тағйироти умда ворид карда шавад. Симон бар ин бовар аст, ки нигаронии ироқиҳо сарчашмаи таърихи дорад. Ба гуфтаи ӯ, як замон Британиё, ки ин кишварро тасарруф намуда буд, дар давоми солҳои тӯлонӣ онҷо боқӣ монд ва баъд аз соли 1958 ироқиҳо кишвари худро худмухтор ва мустақил мешуморанд ва намехоҳанд дубора зери идораи бегонагон бимонанд.
Мардуми Ироқ дар ин масала бисёр ҳасос аст, афзуд Симон, ва талоши ИМА барои бастани аҳднома ба онҳо амалкарди Британиёро ёдрас мекунад ва онҳо хавф доранд, ки ин ба ҳузури давомдори низомии Амрико меоварад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки музокиракунандагони амрикоӣ кӯшиш намуданд ба тарҳи созишнома бандҳоеро ворид кунанд, ки ба низомиёни амрикоӣ иҷозат медиҳанд шаҳрвандони Ироқро боздошт кунанд ва ҳамзамон сарбозони амрикоӣ дар баробари қонунҳои Ироқ масуният дошта бошанд.
Мавзӯъи баҳсноки дигар пойгоҳҳои низомӣ аст. Сарвари музокиракунандагони вазорати корҳои хориҷаи Амрико Девид Сатерфилд ба хабаргузории “ал-Ҷазира” иброз намуд, ки кишвараш мухолифи пойгоҳҳои доимӣ аст, аммо аксарияти ироқиҳо бар инанд, ки созишнома дар бораи иҷораи дарозмуддати ин пойгоҳҳо муродифи истилои доими мебошад. Оқои Симон мегӯяд: “Дар Конгрес саволҳое хоҳанд шуд, аз ҷумла: Чаро мо бояд ин корро кунем? Ироқиҳо дар бораи Исроил чи назар доранд? Таъсири Эрон ба умури Ироқ чигуна аст? Оё онҳо Исроилро душмани худ мешуморанд? Ва агар посухҳо қонунгузоронро қаноъатманд накунанд, онҳо метавонанд гӯянд, ки Ироқ кишваре нест, ки Амрико бояд ба он ваъдаи кумак кунад”.
Бо ин ҳама, мақомоти Кохи сафед даъво доранд, ки созишномаҳо миёни ҳукуматҳо баста мешавад ва ба тасвиби порлумони Ироқ ё Конгреси Амрико ниёз надоранд, аммо мутахассион мегӯянд, ки шубҳа доранд аксар кишварҳои демократӣ бо чунин назари Вошингтон розӣ бошанд.
Вале дар ҳамин ҳол Амрико кӯшиш дорад, ки аҳднома то моҳи июл имзо шавад. Сабаби шитоби Кохи сафед дар он аст, ки баъд аз интихоботи 4-уми ноябр раисҷумҳури нав меояд ва ваколатномаи СММ 31-уми декабр ба поён мерасад.
XS
SM
MD
LG