Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бадрафтории полиси Зимбабве нисбати дипломатҳо


Як гурӯҳи дипломатҳои амрикоиву бритониёӣ, ки талош карданд хушунатҳои сиёсии Зимбабверо мавриди таҳқиқ қарор диҳанд, барои чанд соат мавриди боздошт ва ҳамлаи гурӯҳи мусаллаҳ қарор гирифтанд. Зимни ҳаракати корвони мошинҳои дипломатӣ дар наздикии Ҳараре, пойтахти Зимбабве, онҳо дар як посгоҳ аз ҷониби полис ва тарафдорони эҳтимолии раиси ҷумҳурӣ Роберт Мугабе нигоҳ дошта шуданд. Сафири Амрико дар Зимбабве гуфт, ки ҳамлагарон бо шеваи дурушт таҳдид карданд, ки дипломатҳоро дар дохили мошинҳояшон оташ хоҳанд зад. Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Шон Маккормак гуфт, ки дипломатҳо озод шуданд, аммо ин ҳодиса фаромӯш нахоҳад шуд. Вай гуфт:

"Ин як рафтори золимона аст ва ин зарраест аз он шеваи фишор ва хушунате, ки ҳукумат мехоҳад алайҳи мардумаш раво бинад. Дар ҳоле, ки мо аз ин ҳодиса дар ғазаб ҳастем, ин амал дар муқоиса бо азобҳое, ки ҳамарӯза бар сари мардуми Зимбабве меояд, ҳеҷ аст".

Сухангӯи полиси Зимбабве дар робита бо ҳодисаи мазкур тавзеҳоти комилан дигар пешниҳод кард ва гуфт, ки полис талош дошт дипломатҳоро аз дасти тӯдаи ҳамлагарон халос кунад.
XS
SM
MD
LG