Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

САҲА дар интихоботи Туркманистон


Раҳбари САҲА Александр Стуб гуфт, ки нозирони байналмилалӣ бояд ҳатман иҷоза дода шаванд, ки аз ҷараёни интихоботи парлумонии моҳи декабри Туркманистон назорат кунанд. Вай афзуд, ки дар ҷараёни музокироташ бо раиси ҷумҳурии Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов тақозои дастрасии пурраи нозиронро ба интихобот карда ва аз ӯ посухи мусбат дарёфт кардааст. Дар сурати иҷрои ин ваъдаҳо, ин нахустин боре мешавад, ки ҳайати нозирони интихоботии Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо ба Туркманистон роҳ дода хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG