Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Солана ба Абхозистон меравад


Раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Ҳавер Солана дар Тифлис бо мақомоти Гурҷистон дидору мулоқоте анҷом дод. Ин сафар дар шароите сурат мегирад, ки дипломатҳои ғарбӣ талош доранд шиддатеро, ки дар равобити Маскаву Тифлис бар сари ҷумҳурии ҷудоихоҳи Абхозистон ба миён омадааст, коҳиш диҳанд. Дирӯз дар як нишасти матбуотӣ дар Тифлис Солана гуфт, Иттиҳодияи Аврупо мехоҳад, ки Гурҷистону Абхозистон равобити наздиктар дошта бошанд:

"Барои мо хеле муҳим аст, ки равобити миёни Тифлису Сухумӣ идома ёбаду вусъат дода шавад. Мутмаин бошед, ки агар мо дар ин росто нақшеро иҷро карда тавонем, ҳар қадар лозим бошад, иҷро хоҳем кард. Бори дигар мегӯям, ки барои мо, Иттиҳодияи Аврупо - Гурҷистон як шарики муҳим мебошад ва ҳар қадар лозим бошад, мо барои оддисозии вазъ мусоидат хоҳем кард".

Солана дирӯз бо мақомоти Гурҷистон, аз ҷумла раиси ҷумҳурӣ Михаил Саакашвилӣ мулоқот кард ва имрӯз бояд ба Абхозистон, барои мулоқот бо раҳбарияти шӯришии ин ҷумҳурӣ сафар кунад. Дар ҳамин ҳол, рӯзи ҷумъа мулоқоти рӯбарӯи раиси ҷумҳурии Русия Дмитрий Медведев ва ҳамтои гурҷии вай баргузор мешавад. Дар Маскав, дар ҳамин ҳол, муовини ёвари вазири хориҷаи Амрико Метю Бриза барои баррасии ташаббуси нави сулҳ бо Абхозистон ҳузур дошт. Бриза гуфт, ки истиқрори беш аз 300 сарбози рус дар хоки Абхозистон ҷараёни сулҳи минтақаро печидатар кардааст.
XS
SM
MD
LG