Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия


Хабаргузории Итар-Тасс менависад, ки дар ноҳияи Всеволжскии вилояти Ленинград як шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон бо иттиҳоми даст доштан дар таҷовузи занони кӯҳансол ва як куштор дар додгоҳ ҳозир шудааст. Хабари мазкур аз даст доштани шаҳрванди Тоҷикистон дар чаҳор мавриди азияту куштори занони пиронсоли рус ёд карда мегӯяд, ки яке аз ҳодисаҳои ахир ноябри соли 2006 бо марги зане анҷом ёфтааст. Ҳарчанд хабаргузорӣ аз ҳуввияти муттаҳам ёд намекунад, аммо мегӯяд, ки вайро аз рӯи се банди қонуни ҷиноии Русия муҳокима мекунанд. Тайъиди ин хабар тавассути расонаҳои мустақил феълан имкон надорад.
XS
SM
MD
LG