Пайвандҳои дастрасӣ

Медведев зидди тавсеаи НАТО ба самти шарқ шуд


Раиси ҷумҳурии Русия Дмитрий Медведев зимни як суханрониаш дар Берлини Олмон гуфт, ки тавсеаи нирӯҳои НАТО ба самти шарқ дар равобити Маскаву Ғарб барои дарозмуддат рахна ворид хоҳад кард. Ин нахустин суханронии Медведев ба ҳайси раҳбари нави Русия дар як кишвари аврупойӣ мебошад. Вай гуфт, бар ивази ин Аврупо ба қабули як аҳдномаи наве таҳти назари СММ ниёз дорад. Медведев гуфт:

"Роҷеъ ба табдили барномаҳои тавсеаи НАТО ба самти шарқ бо кадом як пешниҳоди дигар сӯҳбатҳо ба гӯш мерасад. Ин ҳама як фикри ботил аст. Мутмаин ҳастам, ки дар ин сурат равобити мо бо ин эътилоф барои солҳои дароз пурра хароб хоҳад шуд. Маълум аст, ки ҳеҷ зиддияте дар ин ҷо пеш нахоҳад омад, аммо қимати ин амал хеле баланд хоҳад буд ва зиёни зиёд меоварад".

Рӯзи панҷшанбе Медведев бо нахустин сафари аврупойии худ аз Олмон дидан кард ва бо садри аъзами ин кишвар Ангела Меркел дидору гуфтугӯҳо анҷом дод.
XS
SM
MD
LG