Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамла ба дипломатҳои ғарбӣ дар Зимбабве


Сафорати Амрико дар Зимбабве гуфт, дипломатҳои амрикоӣ ва ҳамкорони бритониёии ононро, ки имрӯз ҳангоми талоши таҳқиқи хушунатҳои сиёсӣ дар кишвари африқоӣ ҳадафи ҳамла ва боздошт қарор гирифта буданд, озод кардаанд.

Сухангӯи сафорат гуфт, дипломатҳоро дар як посгоҳ дар шимоли пойтахт, шаҳри Ҳараре чанд соат боздошт кардаанд.

Кохи Сафед ҳамла ба дипломатҳо дар Зимбабверо “таассуфангез” ва “комилан ғайриқобилиқабул” номид.

Амрикову Бритониё президенти Зимбабве Роберт Мугаберо дар роҳандозии як маъракаи густардаи хушунат ва тарс додани тарафдорони номзади мухолифин Морган Тсвангирай дар пешорӯи даври ниҳоии интихоботи раёсатҷумҳурӣ, ки дар ҳамин моҳи июн доир мешавад, айбдор мекунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG