Пайвандҳои дастрасӣ

Дар сарҳади Афғонистону Тоҷикистон дар минтажаи Бадахшон се посгоҳи убуру мурур миёни ин ду кишвар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Ин посгоҳҳо дар минтақаи Ишкошим, Шуғнон ва Нусайи вилояти Бадахшони Афғонистон ва Бадахшони Тоҷикистон мустақаранд. Дар маросими ифтитоҳи посгоҳи убуру мурури марз дар Шуғнон, дар минтақаи марзии ду кишвар, сафирони Амрико ва Афғонистон дар Тоҷикистон ва Шарлотте Адриен, намояндаи Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон ширкат карданд.

Ин посгоҳҳо бо сармояҳои Бритониёву Амрико эҳдос шудааст ва ба гуфтаи Шарлотте Андриен, дар оянда ин посгоҳҳо такмил хоҳад шуд. Дар ҳоли ҳозир, дар ин посгоҳҳо шароити кор барои фаъолияти хадамоти гумрукӣ ва марзбонӣ муҳайё шудааст.

Хонум Андриен ба суоли он ки оё дар ин тарҳҳо Русия ва ё кишварҳои узви созмони Шонҳой саҳм доранд, посухи манфӣ дод ва аммо гуфт, онҳо дар ин замина бо соири кишварҳо, аз ҷумла бо Русия дар тамосанд ва ононро аз мӯҳтавои ин барномаҳо огоҳ кардаанд. Шарлотте Андриен, намояндаи Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон гуфт, ки дар назар аст, дар оянда иҷрои бахше аз ин барномаҳо, барои мисол барномаҳои омӯзишӣ, дар ҳамкорӣ бо Русия ва кишварҳои узви Созмони Шонҳой низ сурат бигирад.

Сафири Афғонистон гуфт, ки ин иқдом ба таҳкими равобит ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Афғонистон кӯмак мекунад. Ҳамчунин, вай гуфт, ин ҳамкориҳо ба амнияти минтақа ва пешрафти иқтисоди ин ду кишвар мусоидат мекунад, ба ин далел ки дар назар аст, дар ин посгоҳҳо минтақаҳои тиҷоратӣ низ ташкил шавад ва тоҷирони Афғонистону Тоҷикистон тавонанд колоҳои худро озодона бифурӯшанд. Ба гуфтаи хонум Андриен, дар иҷрои ин тарҳҳо барномаи рушди СММ нақши муҳим дорад.

XS
SM
MD
LG