Пайвандҳои дастрасӣ

Навори каллабурии қавмгароёни рус воқеъӣ будааст


Хабаргузориҳои русӣ мегӯянд, вазорати умури дохилаи Русия ҳамроҳ бо пулиси ҷиноии Олмон машғули тадқиқи ҳуввияти муаллифони навори видиёиеянд, ки тобистони соли гузашта дар Интернет нашр шуда, дар он саҳнаи қатли ваҳшиёнаи ду зодаи Доғистону Тоҷикистон аз сӯи як гурӯҳи ношиноси қавмгароёни рус ба намоиш гузошта шуда буд. Владимир Маркин, намояндаи кумитаи тафтишотии додситонии Русия ба хабаргузории ИТАР-ТАСС гуфт, дар ин робита парвандаи ҷиноӣ низ боз шудааст.

Мақомоти Русия, ба ин тартиб, бори аввал эътироф мекунанд, ки он навор сохта набуд. Маркин гуфт, маҳалли куштор ва ҳуввияти яке аз эъдомшудагон шиносоӣ шуда, таҳқиқоти анҷомшуда воқеъӣ будани наворро собит кардааст.

Хабаргузории Регнум навишт, ки хешовандони Шомил Урдаманов дар Доғистон дар чеҳраи яке аз ин мақтулон ӯро шинохтаанд. Онҳо мегӯянд, Шомил як сол пеш барои мардикорӣ ба Маскав рафта, аз моҳи август беномунишон шудааст.

Ҳуввияти қурбони дуввум, ки қотилон шаҳрванди Тоҷикистон номаш мебурданд, ҳанӯз шиносоӣ нашудааст.

Нашри навори он куштори ваҳшатангез дар Интернет сарусадои зиёдеро пиромуни афзоиши мавридҳои бегонаситезӣ ва куштори афроди ғайрирус дар заминаи адовати қавмӣ эҷод кард, вале то кунун танҳо ношири он навор дар Интернет - як донишҷӯ аз шаҳри Майкопи Русия - ва он ҳам танҳо бо иттиҳоми барангехтани адовати қавмӣ ба 1 соли корҳои ислоҳӣ маҳкум шудааст.

XS
SM
MD
LG