Пайвандҳои дастрасӣ

Дастхатҳо намесӯзанд! (Видео)


Дар шуъбаи дастхатҳои шарқии Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Дар шуъбаи дастхатҳои шарқии Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Ҳазорҳо дастнависҳои қадима, ки дар китобхонаи миллии ба номи Фирдавсии Душанбе маҳфузанд, бар асари шароити номусоид ғайри қобили истифода мешаванд.

Дар ҳамин маврид маъмурияти китобхонаи мазкур тасмим гирифтааст, то зиёда аз 2 200 нусха дастанвисҳои қадимаро барқарор намояд. Абдулоҷон Юнусов, мудири шуъбаи дастхатҳои шарқӣ ва китобҳои нодири ин китобхона, мегӯяд, аслан иллат дар он аст, ки эшон дастхатҳо ва китобҳоро аз аҳолӣ куҳнаву фарсуда дастрас менамоянд. Ба гуфтаи вай, ҳарчанд нусхаҳои бардошта ва микрофилмҳо аз дастхатҳо ба хонандагон пешниход гардад ҳам, аммо ҳифзи нусхаҳои асл хеле мухим аст.
А. Юнусов инчунин мутазаккир шуд, ки қадимтарин дастхатти китобхона дастнависи «Таърихи Табарӣ» мебошад, ки китобати он ба асри 13-и мелодӣ рост меояд.
Дар соли ҷорӣ, ба гуфтаи А. Юнусов, бори нахустин 11 адад дастхат ба китобхона ворид шуда, ки қимати баланди илмӣ-таърихӣ доранд. Аз ин хисоб 8 адад дастнавис дар бораи тиб мебошанд. Мудири шуъбаи дастхатҳои китобхона мегӯяд, дар ҳоли ҳозир муҳаққиқон ин дастхатҳоро меомӯзанд ва барои нашр пешниҳод менамоянд.
Ду олими эронӣ бо қадимитарин нусхаи "Таърихи Табарӣ" дар китобхонаи милии Тоҷикистон ба номи Фирдавсӣ
Феълан дар шаҳри Душанбе ду макони нигаҳдории дастхатҳои қадима вуҷуд дорад. Ганҷинаи дастнависҳои пажӯҳишгоҳи ховаршиносӣ ва мероси хаттии назди Академияи илмҳои Тоҷикистон бо шумули нигаҳдории беш аз 5 000 дастхат ва китобҳои нодир дар ҷои аввал меситад. Исо Раҳматуллоев, мудири ин бахш, мегӯяд, ки ҳолати нигаҳдории дастанвисҳо дар академияи илмҳо хеле риққатовар аст. Ба гуфтаи вай, бештари ин дастанависҳо солҳои чилуми асри пор ҷамъоварӣ шудаанд. Ӯ гуфт, ки дар солҳои сиюм, ки дар илми таърихшиносӣ бо номи таъқиботи столинӣ маъруф аст, бештари дастхатҳо бино бар хавфи нобудшавӣ зери хок пинҳон шуданд.
Аз ин рӯ, қисми калони ин дастхатҳо рутубат гирифта, бисёре аз саҳафоти он ғайри қобили истифода шудаанд. Ин дар ҳолест, ки, ба гуфтаи Раҳматуллоев, шароити нигаҳдории дастхатҳо имрӯз низ хеле бад аст.
Аммо оё ин дастхатҳо истифода мешаванд ё на? Фотима Ҳафизова, як корманди китобхонаи миллии Тоҷикистон, мегӯяд, ки аслан хонандагон ба дастхатҳо таваҷҷуҳе надоранд. Ӯ мегӯяд, гоҳ-гоҳ баъзе аз устодони макотиби олӣ ба шуъбаи дастхатҳо муроҷиъат мекунаду тамом.
Мудири бахш Абдуллоҷон Юнусов бв меҳмонони эронӣ ғурфаҳои нигаҳдории дастхатҳоро нишон медиҳад
Феълан дар шаҳри Душанбе ҳудуди 8 000 дастхат ва китоби нодир маҳфуз нигоҳ дошта мешаванд. Қадимтарин дастхатҳо аз асри 11-и мелодӣ дар ганҷинаи академияи илмҳо маҳфузанд. Аммо коршиносон бар инанд, ки 90 дарсади дастхатҳои таърихӣ солҳои 30-и замони имперотурии Шӯрави ҳамчун адабиёти хусусияти мазҳабӣ дошта ба коми оташ рафтанд. Қисмати аъзами дигар дастхатҳои нодир, ба таъйиди уламо, ба Маскав интиқол ёфтанд ва ҳамчун моли институти шарқшиносии Русия дар ин кишвар нигаҳдорӣ мешаванд.
Равшанфикрон бар ин назаранд, ки замони даргирии ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон низ бисёре аз ин гуна дастхатҳо ба яғмо рафтаанд.



XS
SM
MD
LG