Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интернетро дар Туркманистон иҷозат додаанд


Туркманистон дастрасии шаҳрвандонаш ба шабакаи ҷаҳонии Интернетро иҷоза додааст.

Туркмантелеком, танҳо ширкати арзакунандаи хадамоти Интернет дар кишвар мегӯяд, аз аввали ҳафтаи равон ҳамарӯза ва асосан дар пойтахт, шаҳри Ишқобод то 20 манзилро бо ин шабакаи ҷаҳонӣ васл мекунад ва тақрибан 2000 нафари дигар дар навбат истодаанд.

Раисиҷумҳур Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов аз замони расиданаш ба сари қудрат, бархе маҳдудиятҳои эҷодшуда аз сӯи раҳбари пешини кишвар Сафармурод Ниёзовро аз байн бардошт ва аз ҷумла, дар соли гузашта ба фаъолияти нахустин Интернет-кафе дар Туркманистон иҷозат дод.

XS
SM
MD
LG