Пайвандҳои дастрасӣ

Муборизаи Душанбе бо қочоқи инсон заъиф шудааст


Вазорати хориҷаи Амрико гузориши солонааш дар бораи вазъи қочоқи инсон дар кишварҳои ҷаҳонро ба нашр расонд.

Ин гузориш дар бахши марбут ба Тоҷикистонаш менависад, ин кишвар аз сӯи қочоқбарон ҳамчун манбаъи қочоқ истифода мешавад ва занони тоҷикистониро тавассути Қирғизистону Русия ба Имороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Покистон ва худи Русия бурда, маҷбур ба танфурӯшӣ мекунанд.

Гузориши вазорати хориҷаи Амрико меафзояд, мардони тоҷикро, ҳамин тавр, ба хотири истифода дар корҳои иҷборӣ ба Русияву Қазоқистон қочоқ мекунанд.

Муаллифони гузориш мегӯянд, муборизаи мақомоти Тоҷикистон бо қочоқи инсон дар соли 2007 назар ба як соли қабл заифтар шуда, шумори камтари қочоқбаронро ба масъулият кашидаанд. Гузориш вале меафзояд, ки соли гузашта сафорати Тоҷикистон дар бозгардони 35 қурбонии қочоқи инсон аз Имороти Муттаҳидаи Араб ба Тоҷикистон кӯмак расондааст.

XS
SM
MD
LG