Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муштзани тоҷик – қаҳрамони бокси ҳирфаии Русия


Соҳиб Усаров
Соҳиб Усаров

Соҳиб Усаров, муштзани тоҷик, қаҳрамони Русия дар риштаи бокси ҳирфаӣ дар вазни сабуктарин – то 53,5 кг гардид.

Вай дар сабқати 10- раунда дар шаҳри Қазони Тотористон дар раунди шашум бо бартарии комил бар Равил Шалагини русиягӣ дастболо шуд.

Соҳиб Усаров дар сабқати бокси ҳирфаӣ 8 бор қувваозмоӣ карда, бар ҳамаи рақибонаш пирӯзӣ ба даст овардааст.

Муштзани дигари тоҷик Умар Мақсудов низ дар ин мусобиқа дар вазни миёна бар ҳарифи худ Максим Ешенкои русиягӣ аз рӯи имтиёз ғолиб омад.

Ҳарду муштзани тоҷик дар шаҳри Маскави Русия тамрин мекунанд.

Паҳлавонони тоҷик ба Маскав сафар мекунанд

Рӯзи 6-ми июн дастаи мунтахаби гуштии самбои Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқаи байнулмилалӣ барои гиромидошти хотираи Анатолий Харлампиев, асосгузори самбо, ба шаҳри Маскави Русия сафар мекунад.

Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федеросиюни гуштии самбои Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ин мусобиқаи анъанавӣ, ки даври дуввуми Ҷоми ҷаҳонии самбо маҳсуб мешавад, ду рӯз – 7-ум ва 8-уми июн доир мегардад.

Шарафи Тоҷикистонро дар ин мусобиқа беҳтарин паҳлавонони тоҷик, ба мисли Олимҷон Зикаев (57 кг), Далер Мусофиров (62 кг), Санҷар Сарфарозов (82 кг), Набимуҳаммад Хоркашев (100 кг) ва дигарон ҳимоя хоҳанд кард.

Аввалин бохти «Регар» ТадАЗ

Дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода дар даври 11-уми мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон дар меҳмонӣ аз тими «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо ҳисоби 0:1 мағлуб гардид.

Голро Мансур Ҳакимов дар дақиқаи 79-уми дидор ба ҳадаф расонд.

Бояд тазаккур дод, ки ин аввалин бохти қаҳрамони футболи Тоҷикистон дар мусобиқоти имсола мебошад. Вале бо вуҷуди ин «Регар» ТадАЗ бо 23 имтиёз аз 10 бозӣ мавқеъашро дар садри ҷадвали мусобиқот нигаҳ доштааст.

Боз ду бозии дигари даври 11-ум хотима ёфтанд. CSKA «Помир»-и Душанбе бар тими меҳмон - «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард. Бозии дастаи мизбон - «Энергетик»-и Душанбе бо «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 1:1 ба поин расид.

XS
SM
MD
LG