Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати як нафар дар ҳамлаи мушакии фаластиниҳо


Мақомоти изтирории Исроил мегӯянд, дар асари ҳамлаи мушакии фаластиниҳо дар ҷануби Исроил як нафар кушта ва сеи дигар захмӣ шудаанд.

Табибон мегӯянд, ки ин мушакҳо ба хоҷагии кишоварзии Нир Оз дар наздикии марз бо навори Ғаза асобат кардааст.

Масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи ҷангии Ҳамос бар ӯҳда гирифтааст. Аз замони таҳти назорати гурӯҳи Ҳамос омадани борикаи Ғаза дар як соли пеш, ҳамалоти мушакии ҷангиёни фаластинӣ алайҳи Исроил тақрибан ҳар рӯз мушоҳида мешавад.

Исроил ба навбаи худ, ба ин ҳамалоти мушакӣ бо ҳамлаҳои ҳавоӣ ва вуруди нирӯҳояш ба қаламрави сарзаминҳои фаластинӣ дар навори Ғаза посух медиҳад.

XS
SM
MD
LG