Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Масъулони асосии қочоқи инсон дар озодӣ мемонанд


Департаменти давлатӣ ё худ Вазорати корҳои хориҷии ИМА дар гузориши солонааш пиромуни қочоқи инсон дар саросари олам навиштааст, ки ҷинояткорони калидии масъул дар қочоқи инсон аз муҷозот барканор мемонанд.

Ҳукумати ИМА бар пояи гузоришҳои солона муайян мекунад, ки ин ва ё он кишвар дар муқобили қочоқи инсон чӣ сиёсатеро пеш гирифтааст. Оё ин сиёсат натиҷае овардааст ё не? Ва билохира ин кишвар ва ё он кишвар мавриди таҳрим қарор мегирад ва ё ин, ки аз кумаки амрикоӣ баҳрманд хоҳад шуд.

Дар маросими пахши гузориши саросарии қочоқи инсон дар соли 2007 котиби давлатии ИМА Кондолиза Райс изҳори таассуф кард, ки дар ҷанубу шарқи Аврупо, Ҳиндустон, Чин ва Филиппин барин кишварҳо ҳеҷ гоҳ камбуди қурбониҳои қочоқи инсон мушоҳида нашудааст. Аз тарафи дигар, котиби давлатии ИМА ёдовар шуд, ки дар кишварҳои зиёде кордиҳандагони золим, ки қурбониҳои қочоқро ба фоҳишагиву кори ғуломӣ маҷбур мекунанд, аз муҷозот барканор мемонанд.

Дар мавриди Тоҷикистон муаллифони гузориши Департаменти давлатии ИМА навиштаанд, ки қочоқчиёни инсон ин ҷумҳурии Осиёи Марказиро ҳамчун манбаъи захираҳои башарӣ истифода бурда, занони тоҷикистониро ба воситаи Қирғизистону Русия ба Имороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Покистон ва худи Русия интиқол дода, ба танфурушӣ маҷбур мекунанд. Департаменти давлатии ИМА идома медиҳад, ки мардони тоҷикистониро барои кори маҷбурӣ ба Русия ва Қазоқистон қочоқ мекунанд.

Ҳамчунон, муаллифони гузориш таъкид кардаанд, ки дар муқоиса бо соли 2006 дар соли 2007 муборизаи мақомоти Тоҷикистон бо қочоқи инсон заифтар гашт. Шумораи муҷозоти масъулони қочоқи инсон коҳиш ёфт. Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи қочоқчиёни муҷозотшуда иттилоъ намедиҳад. Ва сарфи назар аз гузоришҳо дар бораи даст доштани баъзе мансабдорони сатҳи поёниву миёна дар таъмини қочоқчиёни инсон бо шиноснома, шаҳодатномаи таваллуд ва номаи ақди никоҳи қалбакӣ ҳукумат дар бораи муҷозоти масъулони ин аъмоли ҷиноӣ маълумот интишор накардааст.

Дар гузориш ИМА кишварҳоро ба се гурӯҳ тақсим кардааст, ки дар он Тоҷикистон дар гурӯҳи миёна мебошад.

Департаменти давлатии ИМА эътироф кардааст, ки ҳукумати Тоҷикистон, бавижа Вазорати беҳдошт, Вазорати корҳои дохилӣ ва Хадамоти марзбонии Тоҷикистон ба қурбониҳои қочоқи инсон кӯмак мерасонанд. Қурбониёни қочоқ бо паноҳгоҳ таъмин ҳастанду ниҳодҳои интизомӣ кафолати амнияти онҳоро бар дӯш гирифтаанд. Соли гузашта сафорати Тоҷикистон дар бозгардони 35 қурбонии қочоқи инсон аз Имороти Муттаҳидаи Араб ба Тоҷикистон кумак расондааст.

Охири моҳи май Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон созишномаи истирдоди ҷинояткорон миёни Тоҷикистону Имороти Муттаҳидаи Арабро тасвиб намуд. Ҳангоми сӯҳбат бо радиои Озодӣ муовини аввали додситони кулли Тоҷикистон Абдусамеъ Дадабоев гуфт, акнун бар пояи ин созиш бо Имороти Муттаҳидаи Араб истирдоди афроди муттаҳам дар қочоқи инсон аз Иморот ба Тоҷикистон имконпазир хоҳад шуд.

ИМА ба ҳукумати Тоҷикистон машварат додааст, ки таҳқиқи ҳодисаҳои қочоқи инсон ва муҷозоти масъулони онро таҳким бахшад. Ҳамчунон, ба ақидаи муаллифони гузориши Департаменти давлатии ИМА баъзе ислоҳоти сохторӣ ва ҳамоҳангии ниҳодҳои мухталифи ҳукуматӣ имкони назорати муҳоҷират ва ташхиси ҳодисаҳои қочоқи инсон дар Тоҷикистонро беҳбуд мебахшад. Дар гузориш ҳамчун намуна тарзи кори марзбонони тоҷик хотирнишон шудааст, ки ташхиси қочоқчиёну қурбониҳои қочоқи инсонро тамрин намудаанд.

Аз байни ҷамоҳири собиқ Шӯравӣ вазъи ногувортарин дар масъалаи қочоқи инсон дар кишвари Молдова мебошад. Ин кишвар дар гурӯҳи сеюм, яъне ташвишовар ҷой дода шудааст. То замоне, ки Молдова ҳамроҳ бо кишвари Фиҷӣ ва Папуа-Гвинеяи Нав вазъи мубориза бо қочоқи инсонро беҳбуд набахшад, имкон дорад, ин кишвар аз кумакҳои молии ИМА маҳрум гардад.

Гузоришро дар интернет пайдо кунед.

XS
SM
MD
LG