Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия боз як реактори тавлиди плутониумашро баст


Русия яке аз охирин реакторҳои ҳастаии тавлиди плутониумашро баст. Ин иқдом дар чаҳорчӯби талошҳои муштараки Амрикову Русия ҷиҳати бастани корхонаҳои тавлиди таслиҳоти ҳастаии даврони ҷанги сард иҷро мешавад.

РосАтом, ожонси нирӯи ҳастаии Русия гуфт, реактори корхонаи кимиёии Сибир дар шаҳри Северск баста шуда, ккормандонаш ба ихроҷи маводи сӯхти боқимондаи ураниум аз ин корхона оғоз кардаанд.

Интизор меравад, охирин реактори тавлиди плутониум дар Русия, дар шаҳри Железногорск то соли 2010 баста шавад.

Амрико, тибқи ин паймон, алакай ҳамаи 14 таъсисоти ҳастаии махсуси тавлиди плутониумашро бастааст.

XS
SM
MD
LG