Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин боздиди вазири хориҷаи ИМА аз Ироқ


Вазири хориҷаи Имороти Муттаҳидаи Араб Шайх Абдуллоҳ бин Зиёд Ал-Наҳён имрӯз вориди Ироқ шуд. Дар пайи ҳамлаи таҳти раҳбарии Амрико ба Ироқ Ал-Наҳён нахустин вазири хориҷа аз кишварҳои арабии Халиҷи Форс аст, ки аз Ироқ дидан мекунад. Иморот сафирашро аз Бағдод ҳанӯз моҳи майи соли 2006 ба дунболи рабуда шудани як дипломаташ боз хонда буд.

Кишварҳои арабӣ то кунун дар амри шинохти комили давлати Ироқ, ки таҳти ҳимояти Амрико қарор дорад, шитоб намекунанд. Ба фарқ аз давлатҳои арабӣ, Ироқ равобиташ бо Эронро густариш медиҳад. Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод моҳи марти соли ҷорӣ ба Ироқ сафар карда буд.

XS
SM
MD
LG