Пайвандҳои дастрасӣ

Парлумони Аврупо хостори хуруҷи нирӯҳои Русия шуд


Парлумони Аврупо бо судури як қарор гуфт, нирӯҳои 2500-нафарии ҳомии сулҳи Русия дар минтақаи ҷудоиталаби Абхозистони Гурҷистон нақши холисона ва бетарафонаи худро аз даст додаанд. Парлумони Аврупо аз Русия хост, 300 сарбози иловатан ба Абхозистон эъзомкардаашро пас бикашад.

Русия мегӯяд, ин нирӯи иловагӣ машғули бо шаҳри Сочии Русия пайвастани роҳҳои оҳани Абхозистон дар пешорӯи Бозиҳои зимистонаи Олимпии соли 2014 дар Сочи мебошанд.

Аммо давлати Гурҷистон Маскавро ба пуштибонӣ аз ҷудоиталабони абхоз айбдор мекунад.

XS
SM
MD
LG