Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон рӯзи шанбе аз сабқат хориҷ хоҳад шуд


Ҳиллари Клинтон мехоҳад аз сабқати довталабони Ҳизби демократ хориҷ шуда, ҳаққи номзадии ҳизб ба интихоботи раёсатҷумҳурии Амрикоро ба рақибаш Барак Обама қоил шавад.

Ситоди хонум Клинтон гуфт, ки ӯ рӯзи шанбе бо изҳори сипос ба тарафдоронаш ба пуштибонӣ аз Обама ва ваҳдат дар ҳизби демократ даъват хоҳад кард.

Барак Обама рӯзи сешанбе ба аксари орои ваиклони анҷумани Ҳизби демократ даст ёфт ва дар интихоботи моҳи ноябр бо номзади ҷумҳурихоҳон Ҷон МакКейн вориди рақобат хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG