Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти шаҳрдорӣ бо ирсоли огоҳинома аз се сокини Хоруғ талаб кардааст, ки аз манзилашон хориҷ шаванд.

Мақомот мегӯяд, бунёди Кохи ҷавонон тақозо дорад, ки ин се манзили наздик ба ҷойи сохтмон бардошта шуда, бар иваз ба истиқоматкунандагон макон барои хонасозӣ ва пул пардохт мегардад. Аммо ба гуфтаи сокинон, онҳо манозилашонро тарк кардан намехоҳанд, зеро тавони бо маблағи барояшон пешниҳодшуда бунёди манзилро надоранд. Бахтибек Асалбеков, сарпарасти яке аз ин хонаводаҳо, гуфт, вай 25 сол ба ҳайси хабарнигори радиои ҷумҳуриявӣ ва сипас 8 сол раиси бунёди забон дар минтақа фаъолият кардааст. Ӯ гуфт, барои бунёди манзил барояшон 10 ҳазор доллар ваъда карданд, аммо агар миллион доллар диҳанд ҳам, бинобар пиронсолӣ ва бо ин нарху навои осмонии масолеҳи сохтмонӣ наметавонад манзили нав бисозад. Ӯ гуфт, ширкате бо номи «Комета» дар Хоруғ як бинои чорошёна бунёд намуда, хонаҳои се ва чаҳор ҳуҷрадорро бо нархи 30 ва 40 ҳазор доллар ба фуруш гузоштанӣ ҳаст ва барои чӣ соҳибони манозили огоҳинома гирифта бояд бо маблағи нокифоя қаноат кунанд.

Давлат Абдулҳамидов, сокини дигари шаҳр, ки ихроҷ аз манзил таҳдидаш мекунад, мегӯяд, чанде қабл бар асари бархурди мусаллаҳонаи як гуруҳи авбош ҳамсараш аз тири тасодуфӣ ба ҳалокат расидааст, аммо ашхоси гунаҳкор бемуҷозот мондаанд. Ин дар ҳолест, ки ҳамакнун ба гуфтаи вай, мақомот дар ихроҷаш аз манзил бо фарзандонаш исрор меварзанд. Ба гуфтаи Зуҳро Шаҳмирова, соҳиби манзили дигар, ба вай чун як зани танҳо бо фарзандонаш хатари бесарпаноҳ мондан таҳдид мекунад ва ӯ имкони бунёди манзили навро нахоҳад дошт.

Ба гуфтаи муовини аввали раиси шаҳр Абдулло Худобердиев, дар тули беш аз даҳ соли охир шаҳрдорӣ шароити молии сохтмони хонаҳои истиқоматиро надоштааст, аммо ба ашхосе, ки аз манзил берун мешаванд, бо пайдо гардидани имконияти нахустин дар оянда манзил дода хоҳад шуд. Муовини аввали раис даъвогаронро муттаҳам кард, ки онҳо дар бинои собиқ муассисаҳо манозил бунёд кардаанд. Аммо даъвогарон мегуянд, ки онҳо моликиятро дар доираи қонуни хусусигардонӣ соҳиб шуда, зиёда аз 15 сол боз дар ин ҷо ба сар мебаранд ва то ба ҳол бо мақомот мушкилоте надоштаанд.

Аммо ба гуфтаи мақомоти шаҳрдорӣ дар доираи азнавсозии шаҳр танҳо аз ду тарафи роҳи нақлиётии асосӣ зиёда аз 10 манзили истиқоматӣ ва ё иншоотҳои хусусӣ бардошта хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG