Пайвандҳои дастрасӣ

Умеда - шоирае аз диёри Учқурғон


Наврӯз дарашро кушод,

То дар кӯҳ лола барод.

Лолаҳоро чида мо,

Сад чаманро дида мо,

Чакаҳора гул кардем,

Наврӯза қабул кардем.

Табиат шуда бедор,

Мужда овард аз баҳор.

Муаллифи ин сатрҳо Умеда Эргашзода, хонандаи мактаби миёнаи ба номи Садриддин Айнӣ, воқеъ дар деҳаи Учқӯрғони вилояти Ботканди Қирғизистон, мебошад. Вай имсол синфи шашумро тамом кард. Умеда ба шеъру шоирӣ рағбати калон дорад. Аз сӯҳбат бо Умеда маълум шуд, ки барои нахустин бор дар сини ҳаштсолагӣ шеър гуфтааст.

Модари ман меҳрубон,

Аз гул ҳам хушрӯйтар он.

Очаҷонам гул барин,

Лолаи хушрӯй барин.

Ба гуфтаи Умеда Эргашзода, вай ин шеърашро ба модараш бахшидааст. Чанде пеш вақте, ки аз Учқӯрғон боздид кардам, бо Умеда сӯҳбате оростам. Вай гуфт, ки калон шавад, шоира хоҳад шуд ва ба меҳану миллаташ хидмат хоҳад кард.

Умеда дар аз ёд кардани ашъори шоирони классикӣ низ маҳорат доштааст. Вай ин шеъри Ҳаким Носири Хисравро барои шунавандагон қироат кард:

Он рӯз, ки ҳафтсола будӣ,

Чун гул ба чаман ҳавола будӣ.

Акнун, ки ба чордаҳ расидӣ,

Чун сарв ба авҷ сар кашидӣ.

Ғофил манишин на вақти бозист,

Вақти ҳунар асту сарфарозист.

Ҳурматхони Ҳакимзода, мудири қисми илмии мактаби ба номи Айнӣ, бо таассуф гуфт, ки ба далели чоп нашудани ягон рӯзномаи тоҷикӣ дар Қирғизистон нигоштаҳои қаламкашон аз доираи мактаб берун намебарояд. Ба гуфтаи ӯ, ҳатто омӯзгорони мактаби онҳо забони адабии тоҷикиро фаромӯш мекунанд, ки боиси ташвиш аст.

Мавсуф гуфт, нигоштаҳои қаламкашони мактаби ба номи устод Айнӣ фақат дар рӯзномаҳои деворӣ чоп мешаванд, ки хонандагони он омӯзгорон ва толибилмони мактаб ҳастанд.

Аббос Мадазимов, раиси ҷамоъати Учқӯрғон, зимни сӯҳбат бо радиои Озодӣ ваъда дод, ки дар дубора ба нашр расидани рӯзномаи тоҷикии «Мавҷи Исфайрам» чораҷӯӣ хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки рӯзномаи «Мавҷи Исфайрам» ба далели камбуди молӣ аз нашр бозмондааст ва соли чорум аст, ки муштариён аз хондани маводи он бебаҳраанд.

XS
SM
MD
LG