Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кӯмаки Иттиҳоди Аврупо ва Бритониё ба Афғонистон


Имрӯз, 5 июн, дар чаҳорчуби тарҳи муштараки Иттиҳоди Аврупо ва Бритониё, мавсум ба Тарҳи идораи сарҳадоти Бадахшони Афғонистон (BOMBAF), маросими супурдани таҷҳизот барои се гузаргоҳи сарҳадӣ миёни Афғонистон ва Тоҷикистон дар минтақаҳои Шуғнон, Ишкошим, ва Нусай сурат мегирад. Ин маросим дар ҳузури намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Шарлоте Адриен баргузор хоҳад шуд. Тибқи барномаи BOMBAF, барои беҳсозии идораи сарҳадоти вилояти Бадахшони Афғонистон дар кулл беш аз 5 миллион евро ҷудо карда шудааст.

Дар маросими супурдани таҷҳизот барои гузаргоҳҳои сарҳадӣ хабарнигори радиои Озодӣ Зулфиқор Исмоилиён ширкат дорад ва дар давоми рӯз аз ҷузъиёти он иттилоъ хаҳад дод.

XS
SM
MD
LG