Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон аз сабқат канор рафтанист


Сенатори Ню-Йорк Ҳиллари Клинтон ният дорад расман эълон кунад, ки аз сабқати интихоботӣ хориҷ мешавад ва роҳро барои Барак Обама барои дарёфти унвони номзади ҳизбӣ боз кунад. Дар изҳороти гурӯҳи таблиғотии Клинтон гуфта мешавад, ки вай ният дорад дар маросиме рӯзи шанбе 7 июн тарафдоронашро сипосгузорӣ карда пуштибонии худро аз номзадии Обама баён кунад. Рӯзи 3 июн Барак Обама дар пайи интихоботи муқаддамотии охир раъйи кофии вакилони ҳизбашро ба даст овард ва акнун вай бояд дар интихоботи раёсатҷумҳурии 4 ноябр дар муқобили номзади ҷумҳурихоҳҳо Ҷон Маккейн қарор гирад. Вай нахустин марди сиёҳпӯст мешавад, ки дар ИМА даъвои курсии раёсатҷумҳурӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG