Пайвандҳои дастрасӣ

Чор шаҳри муддаии бозиҳои олимпии 2016


Исми чаҳор шаҳр вориди феҳрасти довталабони мизбонии бозиҳои олимпии соли 2016 шуд. Инҳо Чикаго, Мадрид, Токио ва Рио Де Жанейро мебошанд. Тасмими дирӯзаи Кумитаи байналмилалии олимпӣ маънои онро дорад, ки се довталаби дигар - Прага, Боку ва Доҳа аз ин сабқат берун шуданд. Ҳамакнун, дар фурсати то моҳи феврали соли оянда ин чаҳор шаҳр бояд муфассал дар бораи имкониятҳои худ барои ташкили бозиҳои олимпӣ гузорише ироа кунанд ва барандаи ин озмун октябри соли 2009 муайян хоҳад шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG