Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон то фардо аз сабқат канор меравад


Расонаҳои амрикойӣ мегӯянд, ки сенатор Ҳиллари Клинтон ният дорад то ҷумъаи 6 июн расман эълон кунад, ки аз сабқати интихоботӣ хориҷ мешавад ва бо ин амалаш, роҳро барои Барак Обама барои дарёфти унвони номзади ҳизбӣ боз мекунад. Аммо то ин лаҳзаҳо ин пешгӯиҳо расман аз ҷониби гурӯҳи Ҳиллари Клинтон тасдиқ нашудааст. Рӯзи сешанбе Обама дар пайи интихоботи муқаддамотии охир раъйи кофии вакилони ҳизбашро ба даст овард. Ва акнун вай бояд дар интихоботи раёсатҷумҳурии 4 ноябр дар муқобили номзади ҷумҳурихоҳҳо Ҷон Маккейн қарор гирад. Вай нахустин марди сиёҳпӯст мешавад, ки дар ИМА даъвои курсии раёсатҷумҳурӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG