Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буш Эронро хатар ба сулҳ номид


Раиси ҷумҳурии Амрико Ҷорҷ Буш ба нахуствазири Исроил Эҳуд Олмерт гуфт, ки Эрон ба сулҳ таҳдид карда ин масъала бояд аз ҷониби ҷаҳониён ҷиддан ба эътибор гирифта шавад. Ин суханҳоро Буш дар Кохи Сафед дар лаҳзаҳои оғози музокироташ бо Олмерт ироа кард. Вай гуфт:

"Эрон як хатари воқеӣ ба сулҳ аст ва хеле муҳим аст, ки ҷаҳон хатари Эронро ҷиддӣ арзёбӣ кунад, ҳамонтавре ИМА андеша дораду нахуствазир Олмерт ба шумо хоҳад гуфт".

Дар меҳвари музокироти ду раҳбар мавзӯи бӯҳрони барномаи ҳастаии Эрон, ҷараёни музокироти сулҳ бо Фаластин ва Сурия қарор хоҳад гирифт.

XS
SM
MD
LG