Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интиқоди Аврупо аз Русия


Раҳбари Комиссиюни равобити хориҷии Иттиҳодияи Аврупо гуфт, ки амалкарди ахири Русия дар ҷумҳурии ҷудоихоҳи Абхозистон метавонад суботи минтақаи Қафқозро ба ҳам занад. Бенитта Ферреро-Валднер зимни суханрониаш дар палатаи поёнии парлумони Русия ба эҳтироми истиқлолият ва тамомияти арзии Гурҷистон таъкид кард. Гурҷистон аз Русия тақозо кардааст, ки ҳудудан 400 сарбозашро, ки гӯё машғули таъмири роҳи оҳан дар Абхозистон ҳастанд, аз хоки ин ҷумҳурӣ берун кашад. Русия мегӯяд, ки хилофи қонунҳои байналмилалӣ амал накардааст ва сарбозон бидуни силоҳ дар ин маҳал қарор доранд.

XS
SM
MD
LG