Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пирӯзии Барак Обама 16 моҳи муборизаҳои шадид ва пур аз номуайяниро ба поён расонд.

Шахсе ки ҳамчун сенатори ҷавон ва начандон шинохташуда ин набардро сар карда буд, акнун ба як пешвои машҳури миллӣ табдил ёфт, ки ваъдаи тағйири кишварро медиҳад.

Шаби савуми июн дар варзишгоҳи Сент Поли Миннесота, дар баробари ҳазорон нафар аз тарафдоронаш Обама таъкид кард, ки ба ваъдаи худ содиқ хоҳад монд ва боз хитобид, ки ба кишвари азизи хеш роҳи наверо пешниҳод хоҳад кард.

Ба нидои ӯ ҳазорон нафар посух доданд, ки "Оре, мо метавонем!"

Ин шиор баёнгари мавзеъи бисёре аз тарафдорони Обама аст, зеро ҳамаи гиреҳу мушкилоти сари роҳи онҳоро боз мекунад ва нишон медиҳад, ки чӣ гуна онҳо то ин ҷо расиданд.

Шонздаҳ моҳ пеш, шореҳони сиёсӣ бо итминон мегуфтанд, ки собиқ хонуми аввал, Ҳилларӣ Клинтон, ба таври ногузир номзади демократҳо мешавад. Вай дар назарсанҷиҳо пешсафи комил дошт, ҳамонгуна ки дар пайвандҳои сиёсӣ ва захираҳои молияш.

Бархилофи ӯ, Обама як шахси номаълум, хеле ҷавон, бисёр бетаҷриба муаррифӣ мешуд ва бисёриҳо мегуфтанд, марди сиёҳпӯст гумон аст, номзадиро ба даст орад.

Аммо бо нутқҳои оташинаш вай тавонист, миллионҳо нафар, махсусан интихобкунандагони ҷавонро ба ҷунбиш орад ва ҳазорон шаҳрванди оддиро ба додани пул барои маъракаи интихоботияш водор созад. Ба ин тартиб Обама тадиҷан ба як падидаи сиёсӣ табдил ёфт ва пирӯзиҳои ӯ барои рақибаш гоҳе боварнакарданӣ буд.

Хонуми Клинтон пирӯзиро ба Обама табрик кард, вале шаби сешанбе гуфт, ҳанӯз аз сабқат хориҷ шуданӣ нест.

Ба ақидаи шореҳон, акнун гуфтушунидҳои ҷалби Клинтон ба дастаи Обама шурӯъ мешаванд. Ин музокирот ҳассос ва пасипардагӣ хоҳанд буд, зеро ҳама медонанд, ки боқӣ мондани ҷудоӣ дар миёни демократҳо пирӯзӣ бар Маккейнро дар моҳи ноябр номумкин мегардонад.

Ҷон Маккейн -- сенатори ботаҷриба, қаҳрамони саршиноси ҷанги Ветнам барои Обама рақиби қавитар аз Клинтон хоҳад буд.

Ҷалби тарафдорони Клинтон ва махсусан занону кӯҳансолон ва синфи коргари Амрико вазифаи дигари сангини Обама мебошад. Аммо агар аз як сӯ истеъдоди наттоқии ӯ ва шиори умед ба дигаргуниҳо барояш кӯмак кунад, аз сӯи дигар ноқаноатмандии аксарият аз вазъи мавҷуда низ дар хидмати Обама хоҳанд буд. Ин аст, ки вай Маккейнро як намояндаи дигари сиёсатҳои президент Буш меномад ва идомаи ҷанги Ироқро, ки дар тафовут бо Маккейн Обама барои ин ҷанг раъй надодааст, бори сангини дӯши Амрико.

XS
SM
MD
LG