Пайвандҳои дастрасӣ

Низоми сармоягузории исломӣ ба шеваи нав?


Бонки марказии исломии Эрон

Бонки марказии исломии Эрон

Бонкҳои исломӣ навъҳои нави сармоягузорӣ мутобиқ ба шариъатро муаррифӣ мекунанд ва барои мусалмонони ҷаҳон имконоти нави молӣ пайдо мешавад.

Коршиносони соҳаи бонкӣ мегӯянд, ҳамин тариқ ниҳодҳои исломии молӣ ба бахши ногусастании низоми бонкии ҷаҳонӣ мубаддал мешаванд.
Ҳамзамон таъкид шудааст, ки то ҳол баҳси мутобиқати ин барномаҳо ба «Қуръон» хотима наёфтааст.
Болоравии нархи маводди сӯхт даромади кишварҳои саршор аз нафту гози Ховари миёнаро ба маротиб бештар кард ва акнун мусалмонони сарватманди олам саъй доранд имкони нави сармоягузории мутобиқ ба шариъати исломиро пайдо намоянд.
Дар натиҷа сармоягузориҳои исломӣ дар марказҳои молии ҷаҳонӣ аз қабили Британия, Швейтсария, Арабистони саъудӣ, Имороти муттаҳидаи арабӣ ва Сингапур рӯ ба афзоиш аст.
Баъзе коршиносон тахмин кардаанд, ки дар давоми 20 соли ахир наздик ба 300 миллиард доллар ба ҳайси сармоягузории исломӣ гардиш дорад. Шӯрои кулли ниҳодҳои молии исломӣ пешбинӣ мекунад, ки дар тӯли 5 соли оянда сармоягузории силомӣ аз як триллион доллар ҳам бештар хоҳад шуд. Ҷои ёдоварист, ки пасандозҳои хусусӣ дар ин ҳисоб шомил нестанд.
Бар пояи омори созмонҳои байнулмилалии молӣ то соли 2015-ум пасандозҳои беш аз нисфи мусалмонони олам дар бонкҳои исломӣ ҷой дода мешаванд.
Хулоса, имрӯз низоми бонкдории исломӣ ба як бахши низоми ҷаҳонии молӣ мубаддал шудааст.
Осиф Мумтоз, раиси бахши сармоягузориҳои исломии бонки британиявии HSBC, мегӯяд, сармоягузориҳои исломӣ ҷои худро пайдо кардаанд: "Агар мо низоми бонкии маъмулиро таҳқиқ намоем, мебинем, ки он дар тӯли ҳазорҳо сол рушд кардааст. Бонкдории исломӣ бошад, ҳамагӣ 40 сол дорад. Акнун мо мебинем, ки ҷои он холӣ нест. Мо ба ҷараёни асосӣ ҳамроҳ мешавем. Барои дарёфти ҷои пои комил мо ба афкори тоза эҳтиёҷ дорем".
О. Мумтоз меафзояд, ҳанӯз ҳам баҳси сармоягузориҳои исломӣ ба поён нарасаидааст.
Дини ислом сармоягузорӣ дар бахшҳои тавлиди алкул ва қиморбозиро манъ мекунад. Аз ин рӯ, бонк бояд ба пасандозгузорон итминон диҳад, ки сармоягузории онҳо ба воситаи касе дар соҳаҳои мазкур ворид нахоҳад шуд.
Ҳамчунон Ислом риборо манъ кардааст. Ба таври сода гӯем, сӯдхӯрӣ ва ё гирифтани фоида аз қарз манъ мебошад.
Коршиноси соҳаи молия аз Ҳуланд Абдулғафур мегӯяд: "Мардуми зиёд аз иқдомҳои кунунии бонкҳои исломӣ қаноатманд нестанд. Онҳо мехоҳанд низоми "мударраба" ҷорӣ шавад, яъне мафоду зарар тақсим бошад. Аммо одатан ин низом вуҷуд надорад ва ё, агар вуҷуд дошта бошад, он як тарафа ва бар зидди фарди пасандозгузор аст".
Дар чунин ҳол асосан пасандози сармоягузорони бонк бо таҳдид аст.
Майкл Гасснер, мушовири як бонки исломӣ, мегӯяд, усули сармоягузории исломӣ ба ислоҳот ниёз дорад, то ин, ки тақдими қарзҳои хурд (микрокредитҳо) ба табақаҳои камбизоъатро таъмин намояд.
XS
SM
MD
LG