Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

19-умин солгарди таъқиби хунини эътироз дар Чин


Имрӯз 19-умин солгарди таъқиби низомии гирдиҳамоиҳои ҷонибдорони демократия дар майдони Тянанмени шаҳри Пекин аст.
Пешбинӣ мешавад, ки ба ин муносибат дар Ҳонг Конг ҳазорҳо нафар шамъ дармегиронанд. Дирӯз ба суоли рӯзноманигорон дар ин бора сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Чин Квин Ганг гуфт, давлат ба ҳодисаҳои майдони Тянанмен дар соли 1989, ки аслан рӯйдоди дохилӣ мебошад, чанд сол пеш баҳо дода буд.
Вале дар Вашингтон сухангӯи Департаменти давлатии ИМА Шон Маккормак аз Чин даъват кард, шумораи кушташудагон, боздоштшудагон ва мардуми дар рафти эътироз бе ному нишон шударо эълон намояд.

XS
SM
MD
LG