Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Ҷорҷ Буш бо Эҳуд Олмерт дар Вашингтон


Пешбинӣ мешавад, ки имрӯз дар Вашингтон президенти ИМА Ҷорҷ Буш бо сарвазири Исроил Эҳуд Олмерт барномаи ҳаставии Эрон ва музокироти сулҳи Исроил бо фаластиниҳо ва Сурияро баҳс хоҳад кард.
Рӯзи сешанбе дар ИМА аснои мулоқот бо тарафдорони Исроил Олмерт гуфт, " таҳдиди эронӣ бояд бо истифода аз тамоми имконот мутаваққиф гардонида шавад".
Котиби давлатии ИМА хонум Кондолиза Райс аз кишварҳои муттафиқ даъват кард, ки "аз заъфи Эрон истифода бурда", рӯи " ин режим нархи гаронтаре вогузор намоянд".
XS
SM
MD
LG