Пайвандҳои дастрасӣ

Омодагӣ ба муколамаи динҳо дар Макка баҳс мешавад


Беш аз 500 уламои исломии беш аз 50 кишвари олам барои танзими як пойгоҳи муштарак дар муколама бо динҳои дигар дар шаҳри Маккаи Мукаррама ҷамъ шудаанд. Нишасти серӯзаро шоҳи Арабистони Саудӣ малик Абдуллоҳ ифтитоҳ хоҳад кард. Моҳи март ӯ нақшаи танзими муколама миёни мусулмонҳо, насрониён ва пайравони дини яҳудиро эълон карда буд.
Сарпарастии конфронсро Ҷомеа (Лига)-и мусулмонони ҷаҳон: созмони ғайридавлатии мустақар дар шаҳри Маккаи Арабистони Саудӣ бар дӯш дорад.
XS
SM
MD
LG