Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон интизори тағйири мавқеи Амрикост


Президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод мегӯяд, ӯ интизор дорад, ки сарфи назар аз пирӯзии кадом яке аз номзадҳо дар интихоботи раёсатҷумҳурии моҳи ноябр мавқеъгирии ИМА тағйир меёбад.
Дар як мусоҳибае, ки имрӯз дар Италия ба табъ расид, Аҳмадинажод пешбинӣ кардааст, ки ИМА ба ихроҷи сарбозонаш аз Ироқ маҷбур мешавад, зеро мардуми Амрико идомаи харҷи миллиардҳо доллар барои аслиҳаро таҳаммул нахоҳад кард.
Президенти Эрон афзудааст, ки кишвараш ба муколама бо ҳар кас ба истиснои Исроил ҳозир мебошад.
Раҳбари эронӣ барои ширкат дар мулоқоти раҳбарони кишварҳои олам дар чорчӯби Муассисаи озуқа ва кишоварзии СММ ба Италия сафар кардааст.
XS
SM
MD
LG