Пайвандҳои дастрасӣ

20 миллиард доллар солона бар зидди гуруснагӣ


Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун мегӯяд, ҳар сол барои тавсеаи истеҳсоли озуқа ва мубориза бо гуруснагӣ то 20 миллиард доллар зарур аст. Ҳангоми суханронӣ дар нишасти раҳбарони кишварҳои олам дар чорчӯби Муассисаи озуқа ва кишоварзии СММ дар Италия Бан ҳамчунон таъкид кард, ки дастурҳо дар мавриди тавлиди маводи сӯхти биологӣ бояд ба тақозои замон мутобиқ гардонида шавад, зеро ин амал ба истеҳсоли озуқа таъсир мегузорад. Вакилони мулоқоти Ром дар масъалаи нақши маводи сӯхти биологӣ ихтилофи назар доранд. Ба ақидаи баъзеҳо афзоиши истеҳсоли ин навъи маводи сӯхт боиси болоравии нархи озуқа гардидааст.
XS
SM
MD
LG