Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама авввалин довталаби сияҳпӯст дар Амрико


Ба назар мерасад, ки сенатори демократ Барак Обама аввалин номзади сияҳпӯсти курсии раёсатҷумҳурӣ дар таърихи ИМА хоҳад буд.
Расонаҳои амрикоӣ навиштаанд, ки дирӯз баъди ҳисоби натиҷаи овоздиҳӣ дар аёлатҳои Монтана ва Дакотаи ҷанубӣ возеҳ гашт, ки Обама дастгирии беш аз 2118 вакили мардумиро касб намуда, бар рақибаш сенатор Ҳилларӣ Клинтон дастболо шудааст.
Дар аёлати Миннесота Обама ба тарафдоронаш гуфт, ки моҳи ноябр дар интихоботи президентии ИМА маҳз ӯ номзади ҳизби демократ хоҳад буд ва шояд бо ӯ номзади ҷумҳурихоҳ Ҷон Маккейн сабқат намояд.
"Амрико, ин лаҳзаи мост. Ин замони мост. Замоне фаро расид, ки сиёсатҳои гузаштаро пушти сар кунем. Вақти тақдими нерӯи наву афкори нав ба таҳдидҳоест, ки дар рӯ ба рӯи мо қарор доранд. Замонест, ки мо барои кишвари маҳбубамон самтгирии нав пешниҳод кунем."
Вале ҳангоми суханронӣ дар назди ҳавдоронаш дар Ню Йорк хонум Клинтон аз этътирофи нокомӣ худдорӣ кард.
Хабаргузориҳои амрикоӣ тахмин кардаанд, ки эҳтимол Клинтон ҷонибдори пайвастан ба дастаи Обама бошаду дар сурати пешниҳод ба қабули номзадии ноиби президенти ИМА мувофиқат кунад.

XS
SM
MD
LG