Пайвандҳои дастрасӣ

General Motors чор корхонаро мебандад


Ширкати General Motors чаҳор корхонаи тавлидкунандаи мошинро дар Амрикои Шимолӣ баста, ба истеҳсоли мошинҳои захиракунандаи сӯхт тамаркуз мекунад. General Motors гуфтааст, ки чунин тасмимро бо назардошти болоравии қимати маводи сӯхт гирифтааст. Дар изҳороти ин ширкат инчунин гуфта мешавад, ки ният дорад ҳаққи муаллифӣ ба тавлиди мошинҳои навъи Hummer-ро маҳз бо сабаби ниёзмандиҳои бештари бозори ҷаҳонӣ ба мошинҳои хурдҳаҷм ба фурӯш доданӣ аст. Дар миёни корхонаҳои дар ҳоли баста шудан инчунин қадимтарин тавлидгоҳи мошинҳо дар Висконсин ҳам ном бурда мешавад, ки ҳанӯз соли 1919 ба фаъолият шурӯъ кардааст.
XS
SM
MD
LG