Пайвандҳои дастрасӣ

Ташдиди муқаррароти сафар ба Амрико


Мусофироне, ки нияти сафар ба Амрикоро доранду ба гирифтани раводиди ин кишвар ниёз надоранд, ҳамакнун бояд се рӯз қабл аз сафар аз қайди махсус гузаранд. Вазири амнияти миллӣ Майкл Чертофф бо эълони чунин талаботи нав гуфт, ки ҷараёни ба қайд гирифтани исми мусофирон аз моҳи январ шурӯъ шуда, ин муқаррарот ду сол давом хоҳад кард. Чунин қарор марбут ба шаҳрвандони 27 давлати ҷаҳон аст, ки барои сафар ба ИМА ба гирифтани раводид ниёз надоранд, дар миёни онҳо Австралия, Зеландияи Нав, Сингапур, Ҷопон ва дигар кишварҳо, аз ҷумла давлатҳои Аврупои Ғарбӣ шомил ҳастанд.
XS
SM
MD
LG