Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Русия бояд сарбозонро аз Абхозистон берун кунад"


Яап Де Ҳуп Скеффер, Дабири кулли паймони низомии НАТО гуфт, ки Русия бояд 400 сарбози худро, ки барои таъмири роҳҳои харобшудаи оҳан дар Абхозистон мустақар шудаанд, аз хоки ин ҷумҳурӣ берун кунад. Скеффер гуфт, ки истиқрори ин сарбозон, ки мавриди эътирози Гурҷистон шудааст, возеҳан истиқлолият ва тамомияти арзии ин кишварро ба ҳам мезанад. Вай инчунин аз Русияву Гурҷистон даъват кард, ки билофосила сари мизи гуфтугӯ нишинанд:

"Умедворам, ки ин бӯҳрон тавсеа нахоҳад ёфт. Аммо Русия метавонад пеши роҳи тавсеаи онро тавассути берун кашидани сарбозонаш, ки гӯё бо таъмири роҳ машғуланд, бигирад, чунки ба назари ман худи русҳо ҳам вонамуд намекунанд, ки онҳо берун аз салоҳиятҳои посдорони сулҳ амал мекунанд. Ба фикри ман барои онҳо дар Абхозистон ҷое нест".

Русия истиқрори низомии сарбозонашро чун як иқдоми башарӣ ҳимоят кардааст.
XS
SM
MD
LG