Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон омода аст муовини раиси ҷумҳурӣ шавад?


Хабаргузории Ассошейтед Пресс гузориш медиҳад, ки Ҳиллари Клинтон дар баробари қонунгузорони Ню-Йорк гуфт, омода аст дар сурати пирӯзии Барак Обама дар интихобот дар мақоми муовини раиси ҷумҳурӣ хизмат кунад. Хабари мазкур дар рӯзе нашр шуд, ки дар ду аёлати охирин интихоботи муқаддамотии ҳизби демократ баргузор шуд. Интизор меравад, ки Обамаи аз ҳоло пешқадам, тарафдории бештари вакилони ҳизбиро ба даст оварад. Чанде пеш аз ин, гурӯҳи таблиғотии Ҳиллари Клинтон ин овозаҳоро рад кард, ки вай расман мағлубияти худро дар баробари Барак Обама эътироф хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG