Пайвандҳои дастрасӣ

Созишномаи содироти гандуми қазоқӣ ба Тоҷикистон


Хабаргузории Азия-Плюс менависад, ки идораи Тоҷикматлубот бо ширкатҳои тавлидкунандаи гандум дар Қазоқистон созишномае ба имзо расонидаанд, ки тибқи он Қазоқистон то охири соли ҷорӣ ба Тоҷиккистон дар ҳаҷми 250 ҳазор тонна гандум ворид хоҳад кард. Хурсанд Сангаков, як масъули Тоҷикматлубот гуфт, ки то имрӯз аз Қазоқистон ҳудудан ду ҳазор тонна гандум ба кишвар ворид шудааст. Вай гуфтааст, ки қимати як халтаи 50-килоии орд бо қимати 120-122 сомонӣ, муъодили 35 доллари амрикойӣ фурӯхта хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG