Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати се сарбози НАТО дар Афғонистон


Дар пайи ду ҳодисаи ҷудогона дар Афғонистон се сарбози нирӯҳои НАТО ба ҳалокат расиданд. Таркиши бомбае дар вилояти Пактиё мунҷар ба марги ду сарбози Нирӯҳои байналмилалии кӯмаки амниятӣ шуд. То ҳол мушаххас нест, ки оё онҳо шаҳрванди кадом кишвар ҳастанд, ҳарчанд маҳалли таркиш таҳти назари сарбозони амрикойӣ қарор дорад. Дар ҳодисаи ҷудогонае дар ҷануби Афғонистон як сарбози канадаӣ ҳангоми гаште дар як даргирӣ ҳадафи тир қарор гирифт.
XS
SM
MD
LG