Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бан ба афзоиши мизони тавлиди ғизо даъват кард


Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ барои муқобила бо бӯҳрони саросарии ғизо ба якбора боло бурдани мизони тавлидот даъват кард. Дар нишасти байналмилалие, ки ин мавзӯъро дар Рум баррасӣ мекунад, вай гуфт, ҳоло фурсати таърихии эҳёи риштаи кишоварзӣ расидааст ва то соли 2030 ҳаҷми истеҳсоли маводи хӯрокӣ бояд 50 % афзоиш дода шавад. Вай инчунин гуфт, ки молиёт аз содироти хӯрок ва маҳдудиятҳо дар низоми ворид кардани ғизо бояд то ҳадди аққал поин бурда шавад. Оқои Бан гуфт:

"Танҳо тавассути ҳамкорӣ ва ваҳдати назар мо ба ин бӯҳрон имрӯзу фардо хотима дода метавонем. Садҳо миллион мардуми сайёра аз мо иқдомоти на камтар аз инро интизор доранд. Ҳеҷ чизе мисли гуруснагӣ таҳқиромез буда наметавонад, ба вижа вақте ин гуна вазъиятро инсон ба миён меорад. Ин боиси эҷоди хашму ғазаб, азҳампошидагии ҷомеа, бемориҳо ва поинравии нишондодҳои иқтисодӣ мешавад".

Бо сабаби болоравии тақозоҳо ба ғизо, афзоиши қимати энержӣ ва сӯхти биологӣ дар чанд соли охир қимати маводи хӯрокӣ ду баробар боло рафтааст. Дар тарҳи нақшаи СММ, ки роҳҳои муқобила бо болоравии қимати ғизоро пешниҳод мекунад, бахшҳои мисли ироаи кӯмакҳо дар шароити изтирорӣ, афзоиши ҳосили ғалладона ва бознигарӣ шудани барномаҳои сӯхти биологӣ ворид шудааст.
XS
SM
MD
LG