Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон мағлубияташро эътироф намекунад


Гурӯҳи таблиғотии Ҳиллари Клинтон ин овозаҳоро рад кард, ки имрӯз вай, ба ҳайси номзади интихоботи раёсатҷумҳурӣ расман мағлубияти худро дар баробари Барак Обама эътироф хоҳад кард. Ин посухи гурӯҳи Клинтон ба як навиштаи оҷонсии Ассошейтед Пресс буд, ки гуфта буд, Клинтон бояд дар суханронии худ эътироф кунад, ки Обама аз пуштибонии бештари вакилон бархӯрдор аст ва ин воқеият роҳи вайро барои номзадӣ ҳамвор мекунад. Хабари мазкур дар ҳоле нашр мешавад, ки дар ду аёлати охирини Амрико - Монтанаву Дакотаи Ҷанубӣ даври ниҳоии интихоботи муқаддамотии ҳизби демократ баргузор шуд. Феълан ба Обама танҳо 40 овози пуштибони супервакилон намерасад, ки ӯро дар мавқеи баробар бо номзади ҷумҳурихоҳҳо Ҷон Маккейн дар интихоботи ноябрӣ қарор бидиҳад.
XS
SM
MD
LG